Нимаи дуюми рӯзи 21 марти соли равон ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ дар “Амфитеатр”-и Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, ба чорабинӣ оғоз бахшид ва муовини Сарвазири мамлакат Мансурӣ Дилрабо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сурайё Дӯстмуродзода аз номи Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олӣ сокинонону меҳмонони шаҳрро муборакбод гуфтанд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки халқи тоҷик бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат имкон пайдо намуд расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ –Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро, ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд.
Наврӯзи хуҷастапай-иди суннатии халқҳои ориётабор аз давраҳои пайдоиш то ба имрӯз мақому манзалати худро ҳифз намуда, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз , ҳамчун, ҷашни байналмилалӣ ба арзишҳои милливу фарҳангии умумибашарӣ ворид гардидааст ва ҳамасола онро аксари халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон пуршукӯҳ таҷлил менамоянд.
Наврӯз, аз баробар гардидани шабу рӯз, зинда шудани табиат, оғози соли нави аҷдодӣ ва мавсими киштукор мужда расонида, сокинони шаҳр дар баробари тозаву озода, ободу зебо ва кабудизоркунии хонаву кошона, маҳалли зисти худ, деҳоту шаҳракҳо ба истиқболи Наврӯз дастархони идона меороянд, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ доир када, мавсими киштукори баҳориро низ бо рӯҳияи баланду созанда оғоз ва вусъат мебахшанд.
Нотиқон афзуданд, ки ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ба кишвари маҳбуби мо – Тоҷикистони азиз қадам ранҷа намуда, паёми бахту саодат ва сулҳу субот овардааст ва ба ин муносибат меҳмонону сокинони шаҳрро табрику таҳният гуфта, ба онҳо хонаи обод, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, зиндагии орому осуда, ба Тоҷикистони азизу маҳбуб, кишварҳои ҳавзаи Наврӯз шукуфоӣ ва Наврӯзи ҷовидонро таманно намуданд.
Сипас, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо иштироки овозхонҳои маъруфу шинохтаи мамлакат, барномаи театрикунонидашудаи фарҳангиро иборат аз шеъру тарона дар васфи баҳор, зебогиҳои диёр ва наврӯзи оламафрӯз пешкаши ҳозирин намуданд.

