Иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҷашнҳои умумимиллии ду халқи ба ҳам дӯст бо саҳми президентони ҳарду кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.
21 марти соли равон, ҳайати меҳмонони ӯзбек аз ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар кишвари мо ҳузур доштанд, дар чорабинии Наврӯзии сокинони шаҳри Ҳисор иштирок карда, ҳамзамон, аз мавзеҳои таърихии Ҳисор дидан карданд.
Шоми ҳамин рӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар боғи зимистоннаи “Шаршара” ба муносибати ташрифи меҳмонон дастархони идона ороста, шоми фарҳангии пуршукӯҳи дӯстӣ баргузор карда шуд.
Раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор меҳмононро бори дигар ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, барояшон истироҳату фароғати хуш таманно намуд.
Дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ, ҷонибҳо бо арзи ихлосу эҳтиром ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ бо рамзҳои таърихии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Сариосиё тақдим карда, дӯстии бародаронаи халқҳои тоҷику ӯзбекро, ки мерос аз ниёгон аст, ба намоиш гузоштанд.
Ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор ва Маркази маданияти ноҳияи Сариосиё бо шеъру таронаҳои тоҷикию ӯзбекӣ, ки бо як лаҳну оҳанг ва ду забон месуруданд, ба базми дӯстон шодиву сурур эҳдо намуд.
Базму тараби дӯстон то дери шаб идома ёфт.

