Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ЗАБОНОМӮЗӢ ДАР ДЕҲАИ ҒАЙРАТОБОДИ ДЕҲОТИ СОМОН

7 апрели соли равон дар деҳаи Ғайратободи Ҷамоати деҳоти Сомон бо иштироки муовини раиси шаҳри Ҳисор, ҳамзамон роҳбари зергурӯҳи корӣ дар ҷамоати мазкур Хайриддин Нурализода Маркази омӯзишии “FARDO SCHOOL” (Мактаб барои Фардо) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст. Тавре иттило доданд, ошёнаи дуюми он барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, хитоӣ ҷиҳозонида шуда, бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва забондон кӯдакону наврасони хоҳишманд ба тадрис фаро гирифта мешаванд.
Ҳамчунин, аз ҷониби масъулин тасмим гирифта шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр дар утоқҳои боқимонда барои омӯзиши фаннҳои табиатшиносӣ, даққиқ ва риёзӣ, таъриху ҳуқуқ омӯзгорони соҳибтаҷрибаро ҷалб карда, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо барои омодаги ба имтиҳонҳои маркази тестӣ ташкил намоянд.