Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ШАҲР БА ДЕҲОТИ ОРИЁН ВА ДЕҲҚОНОБОД

Субҳи имрӯз раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ба ҷамоатҳои деҳоти Ориён ва Деҳқонобод сафари корӣ анҷом дода, бо омодагии кишоварзон ба кишти пахта шинос гардид.
Нахуст, раиси шаҳр бо иштироки мутахассисон, дар Ҷамоати деҳоти Ориён аз майдонҳои кишти пахтаи хоҷагиҳои деҳқонии шарикии “Холмаҳмад Қараев”, “Ризозода Икром – 217”, “Ҳалқарӯд”, “Нуробод Ҳафттеппа” ва “Файзи баракати Ҳисор”, инчунин, хоҷагии деҳқонии “Чанор”-ро, ки нақшаи ҷобаҷогузории кишти зироатро риоя накардааст, дидан карда, барои саривақт ва босифат ба анҷом расонидани кишти чигит, риояи нақшаи ҷобаҷогузории кишти зироатҳо, ки Раёсати кишоварзии шаҳр муайян намудааст, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Идомаи сафари кории раиси шаҳр дар заминҳои ҶДММ “Латиф Муродов”, ки кишти чигит бо маром ҷараён дошт, сурат гирифт. Раиси шаҳр ба деҳқонони хоҷагӣ барои дар муҳлатҳои пешбинигардида ба анҷом расонидани кишти босифати пахта муваффақият таманно намуд.