Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАҲФИЛИ САЙЁРИ АДАБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБИ КӮДАКОН

Дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор бо ибтикори бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракат ба муносибати Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон маҳфили сайёри адибони шаҳри Ҳисор-“Саройи сухан” бо иштироки муовини раиси шаҳр Юлдошзода Бунафша ва устодону шогирдони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, деҳаи Искич баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар маҳфил, маросими рӯнамои китоби шехрҳои аъзои фаъоли маҳфили “Саройи сухан”, сокини деҳаи мазкур Хоҷақул Қодирӣ бо номи “Исканҷи пурганҷ” доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр Юлдошзода Бунафаша, инчунин, адибон, мудири бахши ИНТ дар шаҳри Ҳисор Ҳакималӣ Назаралӣ, Султонмуроди Одина, Фатҳуллои Азиз, Усмон Сабзов суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ давлати мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду пешравиҳои зиёде ноил гардид. Ҳар иқдоме, ки аз тарафи Пешвои маҳбуби миллат пешниҳод мегардад, муҳим ва саривақтӣ буда, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки таҳти сарпарастии Пешвои миллат ҳамасола баргузор мегардад нишонаи таваҷҷуҳи хосса доштани муҳтарам Президенти Тоҷикистон ба китоб маҳсуб меёбад.
Ба туфайли озмун дар тамоми гӯшаву канори мамлакат таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣ афзуда, тавассути озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шавқу ҳаваси мардум нисбат ба китобу китобхонӣ дар муқоиса ба солҳои гузашта хеле зиёд шудааст ва хушбахтона кӯдакон дар ин озмун нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа иштироки фаъол доранд.
Дар чорабинӣ Юлдошзода Бунафша дар фазои тантанавӣ ба муаллифи китоби “Исканҷи пурганҷ” Хоҷақул Қодирӣ барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи маърифати фарҳангии ҷомеа ва насли наврасу ҷавон ва ба муносибати камолоти эҷодӣ “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро тақдим намуд.
Шогирдони муассиса аз эҷоди адибони классик, муосир ва ҷаҳонӣ намунаҳо қироат карда, санъаткорони навраси муассиса бо суруду таронаҳои дилангез ба маҳфил шукӯҳи идона эҳдо намуданд.