Таҳти ҳамин унвон 7 апрели соли равон дар Осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ”-и шаҳри Ҳисор бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии кормандони ҳизбӣ ва мушаххас намудани самти фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, бахусус, бозомӯзии мудирони бахши таблиғотии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо курси бозомӯзӣ ифтитоҳ ёфт.
Дар маросими кушодашавии курс, ки аз 7 то 11 апрел идома меёбад, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло, Раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дустмурозода Сураё иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нотиқон зикр намуданд, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани курси бозомӯзӣ, тақвият бахшидан ба маҳорати касбии кормандони ҳизбӣ, омӯзиши роҳу воситаҳои муосири корбарӣ миёни мардум, беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои дохилиҳизбӣ, татбиқи самараноки санадҳои муҳими вобаста ба фаъолияти ҳизб мебошад ва ба барномаи омӯзишӣ мавзуъҳои муҳимму ҳалталаби ҷомеа ворид шуда, мутахассисони баландсавияву варзидаи соҳаҳои гуногуни мақомоти ваколатдору салоҳиятдори давлатӣ барои маърӯза ва суҳбату андешаронӣ дар мавзуҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва фазои иттилоотӣ дар замони муосир, даъват гардиданд.
Ҳамчунин, дар асоси барномаи курси бозомӯзӣ, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва боздид аз ташкилотҳои ҳизбии ҳудуди пойтахт дар назар дошта шудааст.
Дар фарҷом ба иштирокчиёни соати аввали курси мазкур дар мавзӯи “Иқтисоди рақамӣ ва иноватсия дар замони муосир”, “Нақши ҲХДТ дар рушди иқтисоди рақамӣ”, “Оид ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ” ва ғайра маслиҳати мутахассис шунида, тариқи монитор усулҳои истифодаи он муфассал шарҳу эзоҳ дода шуд.





