Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ, 13 апрели соли равон дар мавзеи Гачаки деҳоти Деҳқонобод мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи расмии мусобиқа, раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ карда, варзишгарон, меҳмонон ва сокинони шаҳрро ба чорабинӣ хайрамақдам ва ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфт. Ба паҳлавонон, ки аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳузур доштанд, бахту иқбол таманно намуд.
Дар идома ба як қатор собиқадорони варзиш, варзишгарони ҷавону умедбахш, ки солҳои охир Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавию ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ намудаанд, “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро тақдим намуд.
Мусобиқа дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳамдигарии паҳлавонону ҳакамони мусобиқа доир гардид. Маврид ба зикр аст, ки тӯҳфаҳои мақомот дар мусобиқа аз 2 автомашина, даҳҳо чорвои хурду бузург ва дигар таҷҳизоту ашёи иҷтимоии рӯзгор иборат буд.
Дар фарҷоми чорабинӣ раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ба Дадахон – ғолиби мусобиқа аз шаҳри Турсунзода, ки дар мусобиқа хуб майдондорӣ карда, баъди дуранг кардани бозӣ бо паҳлавони хатлонӣ аз байни паҳлавонон ҳарифи дигар барои рақобат кардан бо ӯ пайдо нашуд, тибқи қоидаи гӯштини миллӣ автомашинаи якумро ба ӯ тақдим карда, табрику таҳният гуфт ва бо ҳамин мусобиқа поён ёфт.