Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» МУАЙЯН ШУДАНД

Соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” баргузор мегардад.
Соли 2025 бо дастури бевоситаи Пешвои муаззами миллат ҳаҷми маблағи мукофот барои ғолибони озмун ду баробар зиёд гардида, бо ин мақсад аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шудааст ва тибқи он, имсол барандагони шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 70 ҳазор, 50 ҳазор ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.
Дар шаҳри Ҳисор, дар даври якуми интихобӣ аз ҷамоатҳо, муассисаву ташкилот аз рӯи номинатсияҳои озмун 1340 нафар иштирок карда, 173 нафар ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд ва дар даври шаҳрӣ 41 нафар аз синни 12 то 17 сола ва 17 нафар аз синни 18 то 35 сола – дар умум 58 нафар ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.