Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ГИРОМИДОШТИ ЗОДРӮЗИ УСТОД АЙНӢ ВА РӮНАМОИ КИТОБИ ҶАНГОВАРИ ИНТЕРНАТСИОНАЛИСТ ДАР МАҲФИЛИ САЙЁРИ АДИБОНИ ШАҲРИ ҲИСОР

15 апрели соли 2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, ба хотири гиромидошти зодрӯзи бунёдгузори адабиёти шӯравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, ҳамчунин, рӯнамои китоби “Хотираҳо аз Афғонистон”-и ҷанговари интернатсионалист Назаралӣ Шарифов ва бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар ҶБВ, солҳои 1941-1945, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №74, деҳаи Кӯҳнабойи мавзеи Сунбула маҳфили сайёри адибони шаҳри Ҳисор – “Саройи сухан” баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир, рӯзноманигор Наҷмиддини Шоҳинбод, Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш (Хайриддин Қурбонов), адибон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Афсар Сармад ва Иброҳими Наққош, раиси ҷамъияти маъюбони ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон Ҳикматулло Мирзоев, аъзои маҳфили адибони шаҳр ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Шогирдони муассиса аз хизматҳои устод Садриддин Айнӣ ёдовар шуданд ва аз асарҳои назмии эшон пораҳо қироат карда, аз лаҳзаҳои ҷолиби повесту қиссаҳои устод Айнӣ саҳначаҳо иҷро намуданд. Ҳамчунин, аз китоби “Хотираҳои Афғонистон”-и Назаралӣ Шарифов ёдовар шуда, интихобан, аз китоби хотироти ҷанговар якчанд қиссаро пешкаши меҳмонон намуданд.
Ҳунармандони маъруфи кишвар Убайдуллои Каромат, Парвиз Пӯлодӣ ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо сурудаҳои хеш ба чорабинӣ ҳусни тоза эҳдо намуданд.