Имрӯз, субҳ раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, дар деҳаи Ноҷии Болои ҷамоат дар маросими оғози сохтмони мактаби нав дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 иштирок намуд.
Ба муносибати оғози сохтмон дар саҳни муассиса бо иштироки пиру барнои деҳа, омӯзгорон ва собиқадорони соҳаи маориф, инчунин, шогирдони муассиса чорабинии тантанавӣ доир гардида, раиси шаҳр, собиқадорони маориф ва фарзандони муътабари деҳа суханронӣ намуданд ва аз сиёсати созандаву дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соҳаи маорифро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат қарор додааст, ёдовар шуданд.
Тавре раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор зикр намуд, аҳолӣ ва соҳибкорони ватандӯсти шаҳр дар татбиқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми шоиста мегузоранд ва танҳо дар соли 2024 62 синфхонаи иловагӣ ва ду бинои нави мактаб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, айни ҳол бунёди 4 мактаби нав ва 2 муассисаи томактабӣ шуруъ шуда, корҳои сохтмон бо маром ҷараён дорад.
Раиси шаҳр аз дастгирӣ ва ҳамкориҳои пайвастаи аҳолӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба ташаббускорони иқдоми навбатӣ – аҳолӣ ва соҳибкорони деҳаи Ноҷии Боло арзи сипос намуд.
Дар идома Носирзода Ҷаббор бо тарҳи бино, ки дар ду ошёна бо 16 синфхона, як толори маҷлис ва ду утоқи корӣ барои 850 хонанда дар ду баст бунёд меёбад, шинос гардид ва дар мавзеи сохтмон бо дуои пирони кор ба сохтмон оғози расмӣ бахшида, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони иншоот барору мувафақият таманно намуд. Ҳамзамон, устодону шогирдони муассисаро бо рӯйдоди фархунда муборакбод гуфта, онҳоро ба азхудкунии донишҳои замонавӣ, аз ҷумла фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуд.



