Раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, пас аз анҷоми сафар ба Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ба ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, деҳоти Сомон, Деҳқонобод, Дурбат ва Ҳисор ташриф оварда дар маркази шаҳрак бо корҳои ободонӣ ва дар саҳрои хоҷагиҳои кишоварзӣ бо рафти шудгор ва омодагӣ ба кишти чигит, бахусус, кишти зери плёнка, тозакунии заҳбуру селпартоҳо, инчунин, омодагии кирмакпарварон ба мавсими навбатӣ шинос гардид.
Раиси шаҳр дар сари замини хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ бо мутахассисон ва деҳқонон суҳбат карда, оид ба ҷобаҷогузории кишти зироатҳо ва коркарди агротехникии онҳо, ҳамчунин, бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ вусъат бахшидан ба кишти чигит ва дигар зироатҳо маслиҳату тавсияҳои судманд дод.



