Субҳи имрӯз раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади назорати рафти корҳои кишоварзӣ, аз якчанд хоҷагиҳо боздид карда, бо риояи нақшаи ҷобаҷогузории кишти зироатҳо, бахусус чигит ва картошка дар хоҷагиҳо шинос гардид.
Ҳамзамон, раиси шаҳр натиҷаи иҷрои супоришҳоеро, ки дар сафарҳои қаблии корӣ ба ҷамоатҳо, соатҳои кишоварзӣ ва машваратҳои назоратӣ ба хоҷагидорон, ҳамчун мушкилот масъалагузорӣ карда буд, аз назар гузаронид.
Зимни шиносоӣ бо рафти кишти чигит дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷамъиятиву деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Ҳисор, Дурбат Носирзода Ҷаббор ба ҳолати маданияти истифодабарии заминҳо, сифати шудгор, системаҳои обрасонӣ, ҳолати тозагии ҷӯю заҳбурҳо, инчунин, истифодаи техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ дар кишти зироатҳо, навъу сифати тухми чигите, ки кишт карда мешавад ва коркарди химиявии он таваҷҷӯҳ карда, ҷиҳати рафъи камбудиҳое, ки ба мушоҳида расид, масъулинро вазифадор намуд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои анҷоми кишти зироатҳо муҳлат маҳдуд аст ва хоҷагиҳо бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ кишти зироатҳоро, хусусан, кишти чигитро, бояд вусъат бахшида, дар фурсати наздиктарин ба анҷом расонанд. Дар баъзе аз қитъаҳои киштзори хоҷагиҳо, аз қабили майдонҳои кишти пиёз, ки обмонии таъҷилиро тақозо менамуд, обмонии таъҷилӣ тавсия дода шуд.
Раис шаҳр дар интиҳои сафари корӣ, дар Ҷамоати деҳоти Дурбат, дар деҳаи Ҷавонон бо ҷараёни сохтмони истгоҳи замонавӣ бо шумули нуқтаи савдо, ки бо мақсади таъмини бехатарии сокинони деҳа, ҳамзамон, донишҷӯёни Муассисаи давлатии коллеҷи тиббӣ бунёд меёбад, шинос гардида, барои сари вақт ба истифода додани он масъулони ҷамоатро муваззаф намуд.



