Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ЯКУМ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

19 апрели соли 2025 таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси васеи корӣ баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.
Дар маҷлис муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони воҳидҳои сохтории МИҲД-и шаҳр, раисон, муовинон ва котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ташкилоту муассисаҳо, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ ва васоити ахбои омма иштирок доштанд.
Пас аз эълони рӯзнома ва қабули регламенти маҷлис муовини раиси шаҳр Юлдошзода Бунафша оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиии шаҳр дар семоҳаи якуми соли равон маърӯза карда, натиҷаҳои ба даст омада ва мушилоти соҳаҳоро дар ин давра шарҳу тавзеҳ дод.
Зикр гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ 113,0 фоиз ё ба маблағи 991,8млн. сомонӣ, ё 113 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ин нишондод дар соҳаи сохтмон 157,7 фоиз, савдо 103,5 фоиз, хизматрасонӣ 108 фоиз, кишоварзӣ 104,1 фоиз ва саноат 103,1 фоизро ташкил додааст.
Ҳамчунин, ба буҷет 93,1 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки 102,4 фисадро ташкил дода, нисбат ба нақша 2,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Бақияпулиҳои андоз низ, нисбатан кам гардида, қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр 102,5 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ 101,9 фоиз таъмин карда шудааст.
Раиси шаҳр аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, бахусус, корхонаҳои аз истеҳсолот бозмонда изҳори нигаронӣ карда, масъулони соҳаро барои бозомӯзии фаъолияти онҳо вазифагузорӣ намуд.
Дар идома фаъолияти соҳаи кишоварзиро дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди таҳлил қарор дода, вобаста ба рафти кишти чигит, парвариши кирмак, картошка, сабзавот ва дигар зироатҳо масъулони Раёсати кишоварзӣ ва дастгоҳи ҷамоатҳоро вазифадор кард.
Ба рафти иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ карда, роҳбарони зергурӯҳҳои кориро барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бахусус, дар ҷамоатҳо ҷиҳати бунёди иншооти ҷашнӣ, фаъолияти корхонаҳои дӯзандагӣ, ки ба дӯхти сарулибоси мактабӣ нигаронида шудааст, дастуру супоришҳои мушаххас дод ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муовинон, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, дастгоҳи ҷамоатҳо, ҳайати зергурӯҳҳои корӣ ва соҳибкоронро таъкид намуд.
Раиси шаҳр аз суханронӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд, ки Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки Аъзои нави Маҷлиси миллӣ дар татбиқи саривақтии дурнамо ва барномаҳои миёнамуҳлати рушд, саноатикунонии босуръати кишвар, “иқтисоди сабз”, рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои мухталифи он, гузариши пурра ба “ҳукумати электронӣ”, пардохтҳои ғайринақдӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бояд саҳми намоён дошта бошанд.
Дар робита ба вазъи бисёр мураккабу печида ва душвору хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ иброз доштанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо мо бояд фаъолияти худро беш аз пеш густариш диҳем, ҳамеша бо мардум бошем, тамоми сохтору мақомот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеаро ба ин самт сафарбар созем.
Ба масъалаҳои мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, хусусан камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикргардида ба бозори истеъмолӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Вобаста ба омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ, Пешвои миллат зарур шумурданд, ки корҳои ободонӣ аз ҳар як оила то деҳоти дурдасттарин вусъат дода шуда, иҷрои супоришҳо дар ин самт, аз ҷумла доир ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар муҳлати муқарраргардида таъмин гардад. Аз ҷумла, аъзои Маҷлиси миллӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин дар назорати истифодаи сарфакоронаи барқ, кам кардани талафоти он, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ин ҷода махсус таъкид намуданд.
Ҳамзамон, дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, ки то ба сатҳи ҷавобгарии ҷиноятӣ расондани масъулият барои истифодаи ғайриқонунӣ ва напардохтани маблағи барқро пешбинӣ менамояд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки талаботи нав бояд ба мардум хуб фаҳмонда шавад, то ки бохабар бошанд ва риоя кунанд, худро ба мушкилиҳои нав, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ дучор насозанд.
Дар фарҷомисуханронӣ раиси шаҳр натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар семоҳаи аввали соли равон устувор маънидод карда, вобаста ба ҳалли масъалаҳое, ки дар давоми семоҳаи якуми соли равон тибқи талабот таъмин нагардидаанд, ба муовини якум, муовинони соҳавӣ ва кормандони дастгоҳи раиси шаҳр вазифагузорӣ намуд.