Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАҶЛИСИ КОРИИ РАИСИ ШАҲР ВА БАРРАСИИ ПЕШНИҲОДИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

21 апрели соли 2025, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти далатӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ маҷлиси назоратии раиси шаҳр баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳр иштирокчиёни маҷлисро бо тағйироти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бо фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин шудани Ҳабибзода Сунатулло ба вазифаи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор ва бо қарори раиси шаҳр таъйин шудани Қамбаров Ҳикматулло ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии ободонӣ ва кабудизоркунии назди МИҲД-и шаҳр шинос карда, ба ҳарду дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият барору муваффақият таманно намуд.
Дар идомаи маҷлис, муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Ҳисор аз 2 июли соли 2021, пешниҳоди Прокуратураи шаҳрро оид ба санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории замин дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор, ва пешниҳоди шуъбаи минтақавӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ нисбати корманди шуъбаи маорифи шаҳр қироат карда, бо мӯҳтавои он шинос намуд.
Раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои дар пешниҳодҳо дарҷгардида масъулинро пурсиш карда, ҷиҳати андешидани чораҳои қонунӣ нисбати омилони онҳо, супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, муовинони раиси шаҳр вобаста ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда ва иҷрои супоришҳои протоколӣ дар ҷаласаҳои гузашта гузориш дода, аз ҷониби раиси шаҳр пурсиш шуданд.
Дар фарҷоми маҷлис ҷиҳати вусъати корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон раиси шаҳр ба роҳбарону аъзоёни зергурӯҳҳои корӣ дастуру супориш дода, барои сари вақт таъмин намудани иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ вазифагузорӣ намуд.
.