Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, 22 апрели соли равон бо ибтикори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии ярмарка муовини раиси шаҳр Юлдошзода Бунафша иштирок ва суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар ярмарка намояндагони ташкилоту муассиса, корхонаҳо иштирок доранд ва ба корҷӯён зиёда аз 450 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод шудааст. Ҳамчунин, афзуд, ки барои корҷӯён, аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ҶСК НБО “Роғун” низ даҳҳо ҷойҳои корӣ пешниҳод гардида, хоҳишмандон метавонанд мувофиқи ихтисос ва малакаи корӣ ба сохтмон ҷалб карда шаванд.
Чун, барои баргузории ярмарка назди мардикорбозор интихоб шуда корҷӯёни зиёд иштирок доштанд, намояндагони Маркази назорати давлатии санитарӣ эпидемиологӣ, Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, Қитъаи беҳдошти замин ва обёрӣ, ШВКД дар шаҳри Ҳисор, кумитаи маҳаллаи Гагарин иштирок карда, оид ба тоза нигоҳ доштани ҳолати санитариву гигиении мавзеъ, риояи тартибу низоми шаҳрдорӣ ва муошират бо мардум, бо мардикорон суҳбат намуданд.
Дар ярмарка даҳҳо нафар ба худ корҳои муносиб интихоб карда, якчанд нафар, барои касбомӯзӣ дар курсҳои махсуси Агентӣ, тавсия гардиданд.

