Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАР МИҲД-И ШАҲРИ ҲИСОР БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛӢ ОЗМУН БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 7 марти соли 2025 барои ишғоли 45 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот озмун эълон шуда буд.

22 апрели соли равон бо иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мазкур баргузор гардид.

То рӯзи баргузории озмун 12 нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холӣ ҳуҷҷат супорида, дар озмун  11 нафар иштирок карданд ва 6 нафар бо соҳиб гардидан ба балли гузариш ба мансабҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд. Ҳамчунин, 2 нафар тибқи балҳои ба дастоварда ба мансабҳои мувофиқ тавсия гардиданд.