Тавре қаблан хабар дода будем, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҳамшафати пойтахт, аз ҷумла шаҳри Ҳисор уҳдадор шуда буданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ҷалби соҳибкорон ва маблағҳои буҷетӣ роҳҳои алтернавиро, ки тавассути онҳо нақлиёти зиёд, аз ҷумла боркаш вориди шаҳри Душанбе шуда боиси вайрон шудани роҳҳо ва тамбашавии нақлиёт мегарданд, таъмиру таҷдид намоянд.
Ҳанӯз, 1 феврали соли 2025 маросими оғози корҳои таъмиру таҷдиди роҳи мазкур баргузор гардида, бо сабабҳои номусоидии обу ҳаво корҳо муваққатан мавқуф гузошта шуда буд.
23 апрели соли равон бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, сокинону фаъолони Ҷамоати шаҳраки Шарора, кормандони идораҳои роҳсозӣ, маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи мазкур доир гардид.
Раиси шаҳр бо сокинону фаъолони ҷамоат вобаста ба корҳои ободониву созандагӣ, ба тартиб овардани кӯчаву маҳалла ва дару девори аҳолӣ суҳбат ороста, афзуд, ки иқдоми мазкур бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мардуми кишвар дастгириву ҳамрайъии густурда ёфтааст роҳандозӣ шудааст ва бо сатҳу сифати баланд амалӣ хоҳад шуд.
Сипас, раиси шаҳр ва дигар фаъолон бо дуои пирони кор ҳиссаҳои аввалини асфалтро рӯи роҳ пошида, расман ба мумфаршкунии роҳи Чимтеппа-Шарора-Ҳисор оғоз бахшиданд.
Қарор аст, таъмиру тармим ва асфалтрезии роҳи мазкур бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонида шавад.



