Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ОҒОЗИ КОРҲОИ ТАШВИҚОТУ ТАРҒИБОТӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, маҷлиси васеи кории раиси шаҳр баргузор гардида, нақшаи чорабиниҳо бо замимаи саволномаҳо вобаста ба бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, фаҳмонидани мазмуну муҳтавои қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” ва дигар қонунҳои миллӣ, инчунин, вусъати корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо усули “Хона ба хона” ба тасвиб расид.
Шуруъ аз аввали даҳҳаи дуюми моҳи апрел зергурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бо ҷалби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорон, зиёиён, бахусус, табибону омӯзгорон гурӯҳҳои иловагӣ созмон дода, дар ин самт ба фаъолият оғоз намуданд.
Аъзои гурӯҳу зергурӯҳҳо давоми даҳ рӯз хона ба хона гардиш карда, вобаста ба супоришҳое, ки дар саволнома дарҷ шудааст бо аҳолӣ сӯҳбат менамоянд ва аз натиҷа ба МИҲД-и шаҳр гузориш медиҳанд.