Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ КОРИИ РАИСИ ШАҲР БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ БАРҚ

Шоми 25 апрели соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, намояндаи прокуратураи шаҳр, сардорони Раёсатҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, хоҷагиҳои ҷамъиятии кишоварзӣ ва роҳбарону кормандони шабакаҳои барқи шаҳр ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми марти соли 2025 дода шуд, мазмуну муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ таҳия гардидаанд, инчунин, масъалаҳои андешидани тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия, масъалаҳои ба низом овардани истифодаи нерӯи барқ дар шаҳр, пешгирӣ аз талафот ва изофанависӣ аз ҷониби нозирони барқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин аз баргузории маҷлиси васеи корӣ дар Ширкати саҳомии холдингии “Барқи тоҷик” бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ, ки ҳолати воқеии истифодаи неруи барқ дар кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст ёдовар шуда, инчунин, моддаҳои иловашуда ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ мекунад, шарҳу тавзеҳ дод.
Сипас, раиси шаҳр муовини соҳавӣ, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори МИҲД-и шаҳр, масъулини шабакаҳои барқи шаҳр, аз ҷумла нозирони барқро вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар низоми энергетикии шаҳр пурсиш карда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, бахусус, барои ба меъёр овардани талафоти неруи барқ ва пешгирӣ аз изофанависӣ, ҳамчунин тибқи Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказӣ ва Ширкати саҳомии холдингии “Барқи тоҷик” ҷиҳати ҳарчи зудтар гузаштан ба низоми билингӣ вазифагузорӣ намуд.