Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳайати сардори тозатаъини шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, генерал-майёри милитсия Азиззода Абдуғаффор Қаюм, муовини прокурори шаҳр Раҷабзода Шоҳрух, муовини якуми раиси Суди шаҳр Шоҳиён Файзиддин, сардори раёсати кор бо ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, намояндагони шуъбаи КДАМ дар шаҳри Ҳисор ва иштироки муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин 29 апрел бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ҳисор ва Ориён мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, масъулият нисбати муроҷиати шаҳрвандон, риояи талаботҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак”, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи энергетика ва баланд бардоштани маърифати истифодаи қувваи барқ, ки дар “Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин бора тағйирот ворид карда шудааст ва пешгирӣ аз дигар амалҳои номатлуб мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, дар вохӯриҳо бо мардум сӯҳбати озод баргузор гардида, масъалаҳои доғи рӯз мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.



