Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ПЕШСАФОН ҚАДРШИНОСӢ ШУДАНД

Дар машварати навбатии кории назоратӣ Носирзода Ҷаббор-раиси шаҳр, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони шаҳрро ба муносибати дар номинатсияи “Шаҳри беҳтарин”-и озмуни ҷумҳуриявии сайри гулҳо ба шумори сеюмин шаҳри беҳтарин дар ҷумҳурӣ мансуб донистани шаҳри Ҳисор, муборакбод гуфт ва Диплому туҳфаҳои тақдимнамудаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Ҳамчунин, барои пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ва сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ ба комиссари ҳарбии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар фазои тантанавӣ “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро тақдим намуд.
Зикр гардид, ки ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шарора, ба номи Мирзо Турсунзода ва Ориён аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъвати баҳориро иҷро намуданд.