Субҳи 30 апрели соли равон раиси шаҳр, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Навобод, дар деҳаи Мавлонҷари Боло бо иштироки фаъолони ҷамоат ва пиру барнои деҳа ба корҳои сохтмони мактаби нав дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77, оғоз бахшиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки бинои нави муассиса тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо саҳми мақомот, соҳибкорон ва аҳолӣ бунёд мегардад.
Носирзода Ҷаббор, ба соҳибкорону сокинони деҳа барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори минатдорӣ карда, афзуд, ки даст ба дасти ҳам дода, дар ҳамкорӣ бинои муассисаро дар кӯтоҳтарин муддат бунёд менамоем ва дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолият мавриди истифода қарор дода, ба фарзандон-шогирдону устодони муассиса, туҳфа менамоем.



