Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАШРИФИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ БА ШАҲРИ ҲИСОР

28 апрели соли равон, директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюй ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо сафари корӣ дар пойтахти кишвари мо, шаҳри Душанбе қарор доранд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр тибқи таомули аҷдодӣ таҳти садои карнаю сурнай бо нону намак пешвоз гирифтанд ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва раиси шаҳр, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфтанд.
Дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Алмосӣ меҳмонон бо мақсади шиносоӣ бо парвариши токи ангури тоифии гулобӣ, ки тибқи махзанҳои таърихӣ ин минтақа ватани аслиаш маҳсуб меёбад, аз токзори ду хоҷагии анггурпарвар дидан намуданд ва бо деҳқонон суҳбат карда, бо усулҳои парвариши ангур шинос гардиданд.
Сокинони ҷамоат ба ифтихори меҳмонон дар маркази ҷамоат намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва намунаҳои хӯрокҳои гуногуни аз гӯшту равғани он тайёршуда, меваю ангур ва анвои аз он омодашуда, сабзавоту растаниҳои шифобахши кӯҳӣ, инчунин, дастранҷи ҳунармандону косибон ва кадбонуву қаноддони минтақаро ба марази тамошо гузоштанд.
Сипас, раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ва меҳмони олиқадр, ҷаноби Тсю Донгюй суханронӣ карда, аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати дарҳои бозро роҳандозӣ карда, бо яке аз созмони бонуфузи ҷаҳон Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории муштарак дорад, ёдовар шуданд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо, гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон маҳсуб меёбад ва ватанаш Ҳисори зарнисор аст, ба Феҳристи ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ” ворид гардидааст.
Дар фарҷом раиси шаҳр бори дигар меҳмононро ба диёри бостонии Ҳисори Шодмон хуш омадед гуфта, изҳори итминон намуд, ки ҳузури ҳайати меҳмонони олиқадр аз Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид бо сарварии директори он ҷаноби Тсю Донгюй ба шаҳри Ҳисор ва таваҷҷӯҳ ба соҳаи ҳаётан муҳими шаҳр-кишоварзӣ, хоса чорводорӣ, боғдорию токпарварии ин мулки зархез ба таҳкими ҳакориҳо дар минбаъда мусоидат карда, муаррифии дастовардҳои моро дар ин самт афзун хоҳад намуд.
Меҳмонон аз пазироии хуши сокинони Ҳисор, лаззати меваҳои шаҳдбор, бахусус ангури тоифии он, ки назир надорад ситоиш карда, бо як ҷаҳон таасурот ба пойтахт-шаҳри Душанбе баргаштанд.