Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ШАҲИДОН ВА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Субҳи имрӯз бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинон, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар регистони Қалъаи таърихии Ҳисор, назди муҷассамаи шаҳидон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар ин мавзеъ ба хотири гиромидошти муҳофизони Ватан, муборизони роҳи озодӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон гузошта шудааст, бахшида ба 80-солагии Ғалаба маросими гулчанбаргузорӣ баргузор гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ, иштирокчиёни чорабинӣ бо лаҳзаи хомӯшӣ аз шаҳидони ҷанг ёд карда, раиси шаҳр ва дигар иштирокчиёни ҳамоиш дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузоштанд ва хотираи неки қурбониёни ҷангро пос доштанд.