Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар хиёбони ба номи Ҳабибулло Назаров намоиши ҳунари дӯстдорони табиат ва дар Амфитеатри боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр чорабинии пуршукӯҳи идона баргузор гардид.
Роҳбарияти шаҳр аз растаҳои намоишгоҳи ташкил намудаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дидан намуда, ба заҳмати парандаву хазандапарварон, ҳунари гулпарварию нигоҳубини ҳайвоноти нодири дӯстдорон ва муҳофизони табиат баҳои баланд доданд.
Дар Амфитеатр чорабинии фарҳангӣ доир гардида, муовини раиси шаҳр Абдуфаттоҳ Назризода паёми табрикотии раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷабборро ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист қироат намуд.
Сипас, натиҷаи ҷамъбасти озмуну фестивалҳое, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳифзи муҳити шаҳр дар соли 2025 доир намуда буд эълон гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо дар якчанд номинатсия, инчунин ҷамоату маҳаллаҳо ба ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳифзи табиат саҳмгузор ҳастанд бо “Диплом”, “Ифтихорнома”, “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи МИҲД-и шаҳр ва сохторҳои марбута сарфароз гардонида шуданд.
Ҳунармандони Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддини шуъбаи фарҳанги шаҳр, Маркази санъат ва эҷоди кӯдакон, кӯдакистонҳо бо рақсу таронаҳои ҷаззоб ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати идона эҳдо намуданд.