Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

КӮМАКИ РАИСИ ШАҲР БА КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ХИЗМАТИ КОМУНАЛӢ ДАР ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Дар партави сиёсати раиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мусоидати раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва дастгирии ҷавонмардони соҳибкор, дар арафаи Иди саиди Қурбон барои ғанӣ гардонидани суфра ва дастархони идонаи зиёда аз 120 нафар кормандони Муассисаи ободонӣ ва кабудизоркунии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмон»-и ш. Ҳисор, ки субҳ то шом тозагию ободии шаҳрро таъмин менамоянд, маводи хӯрокаи ниёзи аввал дастрас ва тақдим гардид.
Қабл аз тақсими маводи хӯрока, Носирзода Ҷаббор дар ҳавлии бинои МИҲД-и шаҳр бо кормандони муассисаву корхонаҳои болозикр суҳбат ороста, онҳоро бо арзи сипосу эҳтиром ба муносибати Иди саиди Қурбон муборакбод гуфт. Ҳамчунин, таъкид намуд, ки шумо, чун табақаи пешқадаму зебоиофари шаҳр аз меҳнати басо душвору пурифтихор маблағ ба даст меоред дар оростани дастархони идона ба зиёдаравӣ роҳ надода, намунаи дигарон бошед. Афзуд, ки пас аз зиёрати ормгоҳҳо, ки наздикону пайвандон хок шудаанд, ба аёдати беморону барҷомондагон, маъюбону ятимон ва ниёзмандони дигар бираванд ва гӯшти қурбониҳое, ки бо нияти хайру савоб доир мекунанд, дар баробари наздикон ба ҳамсоягону ниёзмандон дастрас намоянд.
Раиси шаҳр ба соҳибкоре, ки аз иқдомҳои шаҳрдорӣ пайваста дастгирӣ менамояд, изҳори сипос кард ва кормандони муассиса низ, дар навбати худ бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар, дар ҳаққи роҳбарияти олии кишвар, шаҳрдорӣ ва соҳибкорони ҳимматбаланд дуову дуруд гуфтанд.
Барои расонидани кӯмакҳо то назди дари хонаи ҳар як корманд, раиси шаҳр масъулонро вазифадор намуд.