Шоми имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Александр Турчин, ки дар доираи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти кишвари мо – шаҳри Душанбе қарор дорад, ба шаҳри Ҳисор ташриф овард.
Меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳонашро дар саҳни корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – ҶСК “Агротехсервис” раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва роҳбари корхона пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфтанд.
Сарвазири Беларус аз коргоҳҳои истеҳсолии корхона дидан карда, бо фаъолияти кормандону муҳандисон шинос гардид ва ба сифати техникаву мошинолотҳои кишоварзии истеҳсолнамудаи корхона, инчунин, бо назардошти шароити Тоҷикистон такмил ёфтани баъзе механизмҳои онҳо тавассути муҳандисони маҳаллӣ, баҳои баланд дод.
Ёдовар гардид, ки рушд додани фаъолияти корхонаҳои муштарак, табодули таҷрибаи ҳамдигар барои таҳкими иқтидори саноатии ҳарду давлат муҳим буда, ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистону Беларус дар самти саноат ва кишоварзӣ минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

