16 июни соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти далатӣ, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва кормандони шабакаҳои барқи шаҳр маҷлиси назоратии раиси шаҳр баргузор гардид.
Нахуст, ду пешниҳоди прокуратураи шаҳр шаҳри Ҳисор аз 27 майи соли 2025 ва аз 4 июни соли 2025 оиди бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории ҷорӣ вобаста ба истифодаи самранок ва сарфакоронаи қувваи барқ, пардохти маблағҳои ҳаққи истифодаи он, ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунӣ, дуздӣ ва талафоти қувваи барқ дар шаҳри Ҳисор ва пешниҳоди дуюм, оид ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диннӣ дар қироати муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин шунида шуд.
Раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор вобаста ба масъалаҳои дар пешниҳодҳо дарҷгардида масъулини соҳаҳои марбутаро пурсиш карда, ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ ва бартараф кардани камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр доир ба фаъолият дар ҳафтаи гузашта ва иҷрои супоришҳои протоколӣ аз ҷаласаҳои қаблии назоратии раиси шаҳр гузориш доданд ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, рафти бунёди корхонаҳои саноатӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлолият, омодагӣ ба таътили тобистонаи хонандагон дар лагерҳои истироҳатӣ, рафти ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти такрории зироатҳо, инчунин, фаъолияти корхонаҳои коммуналии хизматрасонӣ дар шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми маҷлис раиси шаҳр ҷиҳати вусъати корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба роҳбарону аъзоёни зергурӯҳҳои корӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, барои сари вақт таъмин намудани иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ вазифагузорӣ намуд.



