Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ САҲРОИ ДЕҲОТИ НАВОБОД ВА МИРЗО РИЗО

Субҳи имрӯз раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо корҳои саҳроии кишоварзӣ, бо иштироки роҳбарият ва мутахассисони Раёсати кишоварзии шаҳр ба ҷамоатҳои деҳоти Навобод ва Мирзо Ризо сафари корӣ анҷом доданд.
Дар хоҷагиҳои деҳқонии “Сомониён-2008”, “Шӯҳрат-2007” ва “Кишоварз-2007” ва Кооперативи тиҷоратии “Ҳайдар Миров” бо рафти парвариш ва коркарди агротехникии ниҳоли пахта, картошка, полезию сабзавот дидан карда, ҳамчунин, бо ҷамъоварии ҳосили пиёзи хоҷагиҳои иҷоравӣ шинос гардиданд.
Раиси шаҳр, инчунин ба фаъолияти боғу токпарварон таваҷҷӯҳ карда, бо иштироки мутахассисони Раёсати кишоварзӣ аз токзори “Корпоратсияи Баракат” ва якчанд боғоти иҷоракорон боздид намуданд.
Дар фарҷоми сафари корӣ, аз ҷониби раиси шаҳр ба масъулон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, дар муҳлатҳои муайян, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.