25 июни соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори Иҷлосия вакилони халқ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассиса, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ Иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи Иҷлосияро оид ба тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум аз ҳавзаи интихоботии “Баракат ” №40, рафти иҷрои “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, таъсиси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав ва бо №144 рақамгузорӣ намудани он, иваз намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии рақамҳои 78, 79, 94, 98 ва 122 ба миёнаи умумӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ҳисоботи вакили МВХ-и шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Равшан” №10 ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои кадрӣ ва молиявиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нахуст, вакилон тибқи рӯзнома ваколати вакилии вакил аз ҳавзаи интихоботии “Баракат” №40 Саидов Акрам Абдуразоқовичро тасдиқ карданд ва аз рӯи масъалаи дуюм – рафти иҷрои “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин, масъалаҳои таъсиси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав ва бо №144 рақамгузорӣ намудани он, иваз намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии рақамҳои 78, 79, 94, 98 ва 122 ба миёнаи умумӣ, муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода, дар масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, мудири шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинг Раҳмонзода Абдураҳмон гузориш доданд ва вобаста ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдори МВХ қабул карда шуд.
Сипас, вакилон ба баррасии масъалаи боқимондаи рӯзномаи иҷлосия – кадрӣ ва молиявӣ шуруъ карда, вобаста ба он қарорҳои дахлдори раиси шаҳрро қабул намуданд.
Бо ҳамин Иҷлосияи дуюми МВХ-и шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум ба кори худ анҷом бахшид.



