Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ ПАДАРУ МОДАРОН АЗ ШАРОИТИ ХИЗМАТИ ФАРЗАНДОН ДАР ҚИСМИ ҲАРБӢ

24 июни соли равон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сафари падару модарони сарбозоне, ки дар қисми ҳарбии “6592”-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмати ҳарбӣ менамоянд, баргузор гардид.
Қабл аз сафар, раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор падару модарон ва аъзои ҳайати сафарбариро дар ҳавлии бинои мақомот ба ҳузур пазируфта, аз номи роҳбарияти шаҳр ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт ва барои тарбияи фарзандони содиқ дар роҳи ҳифзи Ватан сипосгузорӣ карда, роҳи сафеду сафари нек орзу намуд.
Дар қисми ҳарбии “6592”, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ҳайатро таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ истиқбол гирифтанд, барои таваҷҷӯҳ ва аёдат дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ изҳори сипос намуданд.
Падару модарон аз хобгоҳ, ошхона, ҳамому нуқтаҳои гигиенӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба сарбозон дидан карда, аз шароитҳои қисми низомӣ бо қаноатмандию хушҳолӣ ба Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳайати фармондеҳии қисми низомӣ барои ғамхорӣ нисбати хизматчиёни ҳарбӣ изҳори минатдорӣ намуданд.
Дар ҳавлии қисми ҳарбӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид ва афсарону сарбозони қисми низомӣ барои саҳми арзишманд гузоштан дар ҳифзи Ватан ва бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сипосномаю ифтихорнома ва тӯҳфаҳои таъсис намудаи Мақомоти ироияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Ҷамъияти маъюбони Чернобил дар шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.
Ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор ҳунарнамоӣ карданд ва сарбозону афсарон дар ҳавои мусиқии ҷаззоб то дер рақсу хурсандӣ намуданд. Ҳамчунин, дар ошхонаи қисми ҳарбӣ ба аскарону сарбозон дастурхони идона ороста шуд.