Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҳудуди наздик ба 50 километр роҳ аз сарҳади Ҷамоати деҳоти Ҳисор то Ҷамоати деҳоти Ориён, дидбонгоҳи сарҳадии “Гулистон”, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мепайвандад, таъмиру тармим мегардад.
Бо ин мақсад, субҳи имрӯз таҳти роҳбарии роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, ҳамзамон роҳбари зергурӯҳи кории 35-солагии Истиқлолият дар Ҷамоати деҳоти Ориён Изатулло Бобоев, мошину техникаҳои роҳсозӣ ва кормандони Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ба ин минтақа сафарбар гардида, ба кори таъмири роҳ шуруъ намуданд.

