Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИДОМАИ ЭСТАФЕТАИ МАКТАБСОЗӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор 2 июли соли равон, пас аз анҷоми боздид аз корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Дурбат бо мақсади иштирок дар маъракаи оғози сохтмони мактаб ба деҳаи Турдиқишлоқи ҷамоати мазкур ташриф овард.
Раиси шаҳр дар макони бунёди мактаби нав дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 69, ки сохтмони он тибқи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар назар аст, бо пиру барнои деҳа, фаъолони ҷамоат, инчунин, аъзои зергурӯҳи кории 35-солагии Истиқлолият, ки ҷамъ омада буданд, суҳбат орост ва ба аҳолӣ, соҳибкорони ҳимматбаланди деҳа аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуд. Зикр гардид, ки тибқи лоиҳа, бино дар ду ошёна бо 12 синфхона сохта хоҳад шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои таъмини сохтмони бино бо хишт ва дигар масолеҳи сохтмон омода аст,-, изҳор дошт раиси шаҳр ва итминон намуд, ки дар муттаҳидӣ ва бо ҳамдастӣ сохтмони муассисаро бо сатҳу сифати баланд ба анҷом мерасонанд ва то охири сол, дар арафаи таҷлили ҷашнҳои умумимиллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд дод.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бо дуои пирони кор раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, мудири шуъбаи маориф ва фаъолони деҳа ба кандани таҳкурсии бино оғози расмӣ бахшида, сохтмончиёнро ба идомаи коррҳо ҳидоят намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба соҳаи маориф, хоса бунёди иншоот барои таҳсил, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолият, танҳо дар соли 2025 сохтмони се мактаби нав дар деҳаҳои Тутакаи деҳоти Ҳонақоҳи Кӯҳӣ, Зиракии деҳоти Алмосӣ ва Тиргарони деҳоти Дурбат ба анҷом расонида шуд ва сохтмони ду мактаб, яке иборат аз се ошёна дар маҳаллаи Ӯртабузи Ҷамоати шаҳраки Шарора ва дигарӣ бо ду ошёна дар деҳаи Кӯҳони Ҷамоати деҳоти Навобод бомаром идома дорад.
Дар ин раванд, сохтмони биноҳои иловагии мактабҳо дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 16, 19, 21, 29, 36, 57, 72 ва 124 роҳандозӣ шуда, ҳамчунин, сохтмони ду муассисаи хусусӣ – яке дар маҳаллаи 8-ум барои 420 хонанда дар як баст ва дигарӣ дар кӯчаи Файзулло Абдуллоев барои 1200 хонанда дар як баст, ҷараён дорад.
Раиси шаҳр ба корҳои таъмир низ, дар муассисаи таълимӣ таваҷҷӯҳ карда, аз якчанд синфхона дидан намуд ва барои мустаҳакам кардани баззаи моддиву техникии муассиса, аз ҷумла, ташкили синфхонаву лабараторияҳои фаннӣ дар доираи имкониятҳо, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, аз бунгоҳи саломатии деҳотӣ, ки дар ҳудуди муассиса ҷойгир аст боздид карда, масъулини ҷамоатро ба ҳарчи зудтар баровардани он аз ҳудуди муассиса, ҳидоят намуд.