Нимаи дуюми рӯзи 30 июн, раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо ҷамъи муовинон, кормандони Раёсати кишоварзии шаҳр ва роҳбарони хоҷагиҳои ҷамъиятии кишоварзӣ бо мақсади шинос шудан бо рафти парвариш ва нашъунамои пахта ба ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Деҳқонобод, шаҳраки Шарора ташриф оварданд ва аз якчанд пахтазор боздид намуданд.
Сараввал, бо ҳидояти раиси шаҳр хоҷагидорон аз қитъаҳои замини пахта дар саҳрои деҳоти Сомон, ки масъулон бепарвоӣ зоҳир карда, дар коркарди агротехникӣ, обмонию озуқадиҳии пахта ба қафомонӣ роҳ додаанд, дидан карданд. Носирзода Ҷаббор барои ҳарчи зудтар мусоидат намудан ба нашъунамои хуби ниҳолҳо обу ғизодиҳии фавриро тавсия дода, назорати онро ба уҳдаи муовини соҳавӣ ва кормандони Раёсати кишоварзӣ вогузор намуд.
Дар идома раиси шаҳр ва ҳайат ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ташриф оварда, аз пахтазори зери плёнка кишт намудаи деҳқонони хоҷагии ҷамъиятии Латиф Муродов боздид намуданд. Тавре ба назар расид, гарчанде кишти зери плёнкаи чигит барои бригадае, ки қарор доштем бори аввал бошад ҳам, дар пахтазор нашъу намои пахта хуб арзёби гардид. Саркор, ки таҷрибаи 30-сола дорад, аз чунин усули парвариши пахта, ки меҳнату хараҷоти зиёдро талаб намекунад изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки ҳамагӣ 3 нафар метавонанд аз нигоҳубини пурраи 20 гектар майдони пахтазор ба хубӣ бароянд.
Роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор, аз тавсияҳои раиси шаҳр, дар бораи обу ғизодиҳӣ, қоидаҳои агротехникии коркарди байни қаторҳо, ки дар сари замин дода шуд баҳраманд гардида, чунин монанд сафарҳои дастҷамъонаи омӯзиширо ба дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ мафиатбор маънидод намуданд.
Раиси шаҳр, дар идомаи сафар бо рафти парвариши пахта ва ҷамъоварии ғалла ва омодагӣ ба кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Шарора шинос гардида, ҳамзамон аз рафти корҳои ободонӣ дар маҳаллаи Суғдиёни ҷамоат боздид намуд.
Дар анҷоми сафар, раиси шаҳр ба шаҳраки Ҳисор ташриф овард ва аз рафти таъмири ҷароғакҳои роҳнамо дар чорроҳаи кӯчаи Абдурауф Юсуфов дидан кард ва устоҳои таъмиргарро барои босифат анҷом додани таъмири онҳо таъкид намуд.



