Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ДЕҲОТИ ДУРБАТ

Субҳи имрӯз, 2 июл раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо корҳои саҳроии кишоварзӣ, аз қабили парвариши зироати пахта, кишти такрории зироатҳо, аз ҷумла шолӣ, ҷамъоварии ҳосили картошка бо иштироки муовини соҳавӣ, роҳбарият ва мутахассисони Раёсати кишоварзии шаҳр, Кумитаи идораи замин, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ба Ҷамоати деҳоти Дурбат сафари корӣ анҷом доданд.
Раиси шаҳр дар ҳудуди ҷамоат бо фаъолияти деҳқонони хоҷагии таҷрибавии “Зарнисор”, хоҷагиҳои деҳқонии “Иқбол-С” ва “Бобои Зубайд”, дар деҳаи Манзар бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Валӣ” ва “Гулбута”, дар деҳаи Хоҷасиддиқ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳоҷӣ Қиём” ва “Билол-2012”, дар деҳаи Турдиқишлоқ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Баракат”, “Гулшан” ва “Сахидод” шинос гардиданд.
Ҳамчунин, дар идомаи сафар аз анбори ғаллаи Хоҷагии таҷрибавии “Зарнисор” ва якчанд қитъаҳои замини Корхонаи воҳиди таълимӣ таҷрибавии “Ҳисор” дидан карда, бо захираи ғаллаи ҷамъоваришуда ва рафти парвариши пахта ва кишти такрории зироатҳо дар ин хоҷагиҳо шинос гардиданд. Раиси шаҳр дар сари замини ҳар як хоҷагӣ бо мутахассисону деҳқонон суҳбат ороста, вобаста ба ислоҳи камбудиҳое, ки аснои сафар ба назар расид, маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.