26 июли соли равон бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба ворид шудани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тойфии гулобӣ ба Низоми мероси кишоварзии дорои аҳмияти ҷаҳонӣ семинари илиӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тойфии гулобӣ мероси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Семинар таҳти раёсати муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ва раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор баргузор гардид,
Дар кори семинар Ҷаҳонгир Деҳқонов- директори ташкилоти ҷамъиятии хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ”, Шарофҷон Раҳимов- мудири озмоишгоҳи биотехнологияи иноватсионии чорвои Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ дар мавзуи “Зоти гӯсфанди ҳисорӣ: ҳолат, дастовард ва дурнамои парвариши он”, Академик Турсунбой Аҳмадов – профессори кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзуи “Навъу намунаҳои ангури Тоҷикистон ва рушди соҳаи токпарварӣ” марӯза намуданд.
Қабл аз оғози семинар, дар қисмати амалии он олимони соҳа ва меҳмонон бо токзорҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, ки бо усули бобогӣ ва ҳозиразамон бунёд ёфтааст ва намоиши гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки чорводорони шаҳр баргузор намуданд, инчунин, дар саҳни Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва намунаи таом ва пухтупазҳои миллиӣ кадбонуҳои шаҳр, ки бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ташкил шуда буд, шинос гардиданд.





