Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҶАЛАСАИ МАШВАРАТӢ-НАЗОРАТИИ РАИСИ ШАҲР

28 июли соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои ҷамъиятии кишоварзӣ ва дигар воҳидҳои сохтории давлатӣ ҷаласаи навбатии машваратӣ-назоратии раиси шаҳр баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳр ҳозиринро бо тағйироти кадрӣ дар шуъбаи алоқаи почтаи шаҳр – ба вазифаи сардори шуъбаи мазкур таъйин шудани Некрӯзи Хайрулло шинос намуд.
Сипас, муовинон, роҳбарони зергурӯҳҳои кории 35-солагии Истиқлолият ва дигар роҳбарони зерсохтор оид ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда гузориш доданд ва вобаста ба мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои фаъолияти соҳавӣ аз ҷониби раис шаҳр пурсиш карда шуданд.
Раиси шаҳр вазифаҳоро барои фаъолият дар минбаъда мушаххас карда, ҳамзамон, барои ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта масъулинро вазифадор намуд.