Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, 29 июли соли равон дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, бо ҷараёни сохтмони бинои мактаби иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57, ба номи Рустами Убайдулло ва муассисаи хусусии таҳсилоти томактабӣ, ки ҳарду муассиса бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорони маҳаллӣ, аҳолӣ, хоса ҷавонон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар рустои Баракат бунёд меёбад, шинос гардид.
Аснои шиносоӣ бо иншоот, раиси шаҳр ба ташаббускорони иқдом изҳори сипосу минатдорӣ карда, ҷиҳати дастрас намудани муассиса бо мизу курсӣ ва дигар ҷиҳози хониш омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро иброз дошт.
Маврид ба ёдоварист, ки бинои иловагии мактаб аз 16 синфхона иборат буда, сохтмони он аз ҷониби шаҳрдорӣ пурра бо хишт таъмин карда шудааст.
Дар Муассисаи таҳсилоти томактабӣ 150 кӯдаки деҳа ва деҳаҳои атроф ба таҳсилу фароғат фаро гирифта, чандин нафар занону духтарон бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

