Субҳи 30 июли соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, бо иштироки раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо фаъолияти кишоварзони шаҳр аз наздик шинос гардиданд.
Ҳайат, зимни боздид аз ҶСП “Агротехсервис” бо минтақаи сохтмони сехи нави истеҳсолӣ, намунаҳои техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ, ки тавассути муҳандисони маҳаллӣ такмил ёфтааст, дидан намуданд.
Сипас, дар ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Ҳисор, Дурбат бо фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзии ҷамъиятиву деҳқонӣ ва иҷоравӣ бо парваришу ҷамъоварии пахта, ҷуворимакка, полезиҳо, меваю сабзавот ва рафти кишти такрорӣ шинос шуда, изҳори итминон намуданд, ки, барои иҷрои ҳадафҳои гузошташуда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст имкониятҳо дар шаҳр зиёданд ва кишоварзони шаҳр дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзишманди хешро ба таври шоиста мегузоранд.

