Барои пешгирӣ аз фарсудашавӣ бар асари боришоти барфу борон ва бо мақсади бештар намудани муҳлати истифодаи роҳҳое, ки мумфарш мегарданд, раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ба фаъолону сокинони ҷамоатҳои деҳоти Деҳқонобод ва Дурбат, корхонаву муассиса ва хоҷагиҳо новобаста аз шакли моликияташон, ки дар шафати роҳи Ҳисор-Айнӣ қарор доранд пешниҳод намуд ду канори роҳ ва ҷӯйҳои обпарто, аз даромадгоҳи деҳаи Дурбат то маҳаллаи 8-уми шаҳраки Ҳисорро бетонпӯш намоянд.
Зикр гардид, ки ин иқдом дар шаҳр алаккай таҷриба шудааст ва сокинони деҳаҳои Оби Гармӣ, Лолагӣ, Мавлонҷар, Ҳуҷум, Ғӯриёт, Ситора, Чуқурак ва Шопури Ҷамоати деҳоти Навобод роҳҳои мумфарш кардаашонро пурра бетонпӯш намуданд.
Сокинони деҳаҳои Чилчанор ва Турдибобо аз аввалинҳо шуда иқдоми шаҳрдорро дастгирӣ карданд ва имрӯз бо иштироки раиси шаҳр корҳои бетонрезӣ дар деҳаи Чилчанор ва ба тартиб овардани ҷӯйҳои обпартои шафати роҳ дар Турдибобо оғоз гардид.
Маврид ба тазаккур аст, ки иқдоми мазкур, дар баробари устувор ва беҳтар кардани сифати роҳҳо, ба васеъ шудани паҳноии онҳо дар ҳудуди 1,5-2 метр мусоидат менамояд.
Раиси шаҳр дар деҳаи Чилчанор бо сокинони деҳа суҳбат ороста, дар рехтани ҳиссаҳои аввалини бетон шарикӣ кард ва ба фаъолони ҷамоат, пиру барнои деҳа барои дастгирии иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум нигаронида шудааст, изҳори сипос намуд.


