Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ МАКТАБҲО ДАР ДЕҲОТИ ДЕҲҚОНОБОД

Субҳи имрӯз раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон дар иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ташриф овард.
Нахуст, аз Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №130 дар деҳаи Аминиёни ҷамоати мазкур бо рафти сохтмони бинои нави муассиса, ки дар ду ошёна бо 11 синфхона ва 4 утоқи корӣ бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳр, дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ бунёд меёбад, шинос шуда, бо гузоштани хишти нахустин сохтмончиёнро ба идомаи корҳои сохтмон ҳидоят намуд.
Раиси шаҳр аз ҳолати синфхонаҳои муасссиса дидан намуд ва ба синфхонаи хонандагоне, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштаанд ворид гардида, онҳоро ба ин муносибат шодбош гуфт. Ҳамчунин, ба донишандӯзии онҳо мароқ зоҳир карда, бо навиштану хондани онҳо шинос гардид.
Дар идома, раиси шаҳр аз минтақаи сохтмони майдончаи варзишӣ, ки дар соҳили рӯди Кофарниҳон сохтмонаш ҷараён дорад боздид карда, ҷиҳати ҳарчи тезтар ба анҷом расонидани сохтмон масъулинро муваззаф намуд.
Дар деҳаи Лангари деҳоти Деҳқонобод раиси шаҳр аз сохтмони бинои нав дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, шинос гардид. Тавре зикр гардид, сохтмони муассиса баъди таваққуфи чандсола бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр (баъд аз боздиди раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, санаи 23 декабри соли 2024) аз нав шуруъ шуда, алаккай хиштчинӣ дар ошёнаи якуми он анҷом ёфтааст. Масъулон ният доранд 1 сентябри соли 2026, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолият биноро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Раиси шаҳр бо омӯзгорон, сокинони деҳа ва фаъолони ҷамоат дар саҳни муассиса суҳбат ороста, иқдоми онҳоро шоистаи таҳсин хонд ва бо изҳори сипосу эҳтиром афзуд, ки сохтмони 18 синфхона ва 4 утоқи кории иловагӣ кори саҳлу осон набуда, аз муттаҳидии мардуми деҳа, ватандӯстию ба ояндаи фарзандон бетараф набудани онҳо дарак медиҳад.
Носирзода Ҷаббор барои таваққуф наёфтани раванди сохтмон, ба муовини соҳавӣ, мудири бахши саноат ва сохтмон, масъулини сохтмон ва роҳбари зергурӯҳи кории 35-солагии Истиқлолият дар ҷамоат, ҷиҳати тезтар бомпӯш намудани иншоот ва захираи миқдори зарурии хишти сохтмон дар рӯзҳои наздиктарин, супоришҳои мушаххас дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар деҳаи Муъминободи ҷамоати мазкур, назди МТМУ №30 низ, бунёди мактаб дар ду ошёна бо 8 синфхона бо маром идома дорад ва дар арафаи ҷашни Истиқлолият мавриди истифода қарор мегирад.