14 октябри соли 2025 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор соҳибкорони муввафақи шаҳрро ба ҳузур пазируфт ва ба муносибати иди касбиашон-Рӯзи соҳибкорон табрику таҳният гуфт.
Зикр гардид, ки беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, ки ба таъмин намудани рушди устувор ва вусъат бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар равона гардидааст дар маркази сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хос ва дар баробари сабукиҳои зиёд, пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад
Раиси шаҳр аз саҳми соҳибкорон дар татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2026”, амалӣ гардидани “Нақшаи генералии шаҳр барои солҳои 2012-2032”, эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои Рушди саноат” ва амалӣ гардидани Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, афзуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои таҳкими ҳамкориҳо бо соҳибкорон, минбаъд низ, заминаҳои мусоидро фароҳам месозад.
Аз саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, бахусус таъмиру тармими роҳҳо бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки танҳо давоми соли равон роҳҳои аҳамияти байнишаҳрию ҷумҳуриявидошта, ки солҳои тулонӣ ба таъмир ниёз доштанд, ҳамчунин, роҳҳои марказӣ ва маҳаллии шаҳр ба масофаи зиёда аз 30 километр бо дастгирии соҳибкорон мумфарш гардида, ба обод гардидани роҳҳои мошингард ва осон намудани равуои сокинону меҳмонони шаҳр мусоидат намуданд.
Раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ба соҳибкорони банангу номус ва ҳимматбаланди шаҳр, бори дигар барои иқдомҳои ватандӯстона дар ҷодаи ободонии диёр сипосу эҳтиром изҳор дошта, ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона муборакбод гуфт ва ба соҳибкороне, ки дар корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманд доранд, “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.

