13 октябр раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ба Ҷамоати деҳоти Ҳисор ташриф овард ва ба ифтихори пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи ҷамъоварии пахта, дар бошишгоҳи саҳроии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “50-солагии Октябр” бо иштироки муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва роҳбарияту аъзои хоҷагии мазкур ҳамоиши тантанавӣ доир намуд.
Раиси шаҳр роҳбарият ва аъзои ҷамъиятро бо дастоварди меҳнатӣ шодбош гуфта, аз номи МИҲД-и шаҳр сипосгузорӣ намуд. Ҳамчунин, дар фазои тантанавӣ ба як қатор пешқадамони истеҳсолот, аз ҷумла роҳбари хоҷагӣ Орифҷон Абдулҳакимов, мутахассисону механизаторон ва обмону чинакчиёни хоҷагӣ “Сипоснома”-ву туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим карда, изҳори итминон намуд, ки чун дар саҳро пахта бисёр аст, хоҷагӣ метавонад ҳаҷми истеҳсоли пахтаро аз ҳар гектар то ба 40 сентнерӣ бирасонад.
Деҳқонони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “50-солагии Октябр” ба роҳбарияти шаҳр барои таваҷҷӯҳ ва дастгирии пайваста, изҳори минатдорӣ намуданд

