7 ноябри соли равон бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, баъди пурра аз таъмир баровардан, ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи бино Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарияти шаҳр ва ҳайати шахсии шуъба иштирок намуданд. Зимни боздид аз шароити наву замонавии бино, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ иброз намуд, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳои сарвари мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони мақомоти милитсия бояд фаъолияти худро дучанд беҳтар намоянд.
Ҳамчунин, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба кормандони мақомоти милитсияи шаҳр бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Милитсияи тоҷик 3 адад автомашинаи сабукрави хизматӣ ва як адад мошини оташнишонӣ тӯҳфа гардид.





