Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаҳои Нилу, Тахт, Искич, Кӯшкаки Мазор, Рағоба, Истонӣ, Турушбоғ, Якатут, Варгандок ва Чангоби Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ тасмим гирифтанд роҳи асосии ҷамоатро, ки масофаи зиёда аз 12 километрро ташкил медиҳад, давра ба давра бо усули ҳашар таъмиру тармим ва мумфарш намоянд.
Бо ҳамин мақсад корҳо алаккай оғоз гардида, бо сарварию ҳидояти раисони маҳаллаи деҳаҳои номбурда ва ходимони фаъоли дин, бахусус ташаббускори иқдоми мазкур – собиқ имомхатиби ҷамоат Сайидмухтор Сайидаҳмади Сайидалӣ ҳашарчиён, ки асосан сокинони ҳамин деҳаҳо мебошанд, ба хобондани новаҳои бетонӣ (лоток) шуруъ карданд ва кор бо маром ҷараён дорад.

