Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

СОКИНОНИ СУРХАКЧАШМАИ ДЕҲОТИ МИРЗО РИЗО БА МУМФАРШКУНИИ КӮЧАҲО ОҒОЗ НАМУДАНД

Имрӯз, якшанбе раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар маъракаи мумфаршкунии роҳҳои дохилии деҳаи Сурхакчашмаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо иштирок намуд.
Раиси шаҳр ба иқдоми ҳашарчиён ҳамраъйӣ карда, бо дуову ҳамдастии пирони кор якчанд ҳиссаҳои асфалтро ба роҳ пошид ва ба роҳсозон дар идомаи корҳо барору муваффақият орзу намуд.
Аснои суҳбат бо мардум, раиси шаҳр бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки сокинони шарафманди шаҳр, аз ҷумла рустои Сурхакчашма, сиёсати созандаву ободкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгириву пайгирӣ менамоянд. Хушбахтона, дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободонӣ, бахусус таъмиру таҷдиди роҳу пулҳо, ки дар рушди маҳал аҳамияти вижа дорад вусъати тоза пайдо кардааст ва танҳо соли равон зиёда аз 100 километр роҳҳои дохилӣ сангфарш, бетонпӯш ва мумфарш гардида, айни ҳол ин раванд муташаккилона идома дорад.
Раиси шаҳр сокинони деҳаи Сурхакчашмаро ба муносибати ҷашнҳои дар пеш истода – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, иқдоми ватандӯстонаи онҳоро туҳфаи арзишманд ба ҳамдиёрон дар арафаи ин ҷашнҳои умумимиллӣ маънидод намуд.
Ҳамчунин, ба роҳбарияти дастгоҳи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, ҳайати кумитаи маҳалла, сокинону соҳибкорони деҳа изҳори сипос карда, даъват намуд бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ду канори роҳи навро бетонпӯш намоянд, то он аз таъсири обу сармо зарар набинад ва мустаҳакам гардида ба мардум солҳои зиёд хизмати намояд.
Сокинони деҳа аз таваҷҷӯҳи шаҳрдорӣ ба рушди деҳот минатдорӣ карда, омодагии хешро барои бунёди мактаби нави замонавӣ изҳор доштанд.