Нимаи дуюми рӯзи якшанбе – 9 ноябр, раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон дар доираи сафар ба ҷамоатҳои деҳоти Ҳисор ва шаҳраки Шарора, бо рафти чиниши пахта дар саҳрои ҶДММ “Абдурауф Юсуфов” ва ХИ “Зироаткор”-и Академияи Илмҳои Кишоварзии Тоҷикистон шинос гардид.
Дар сари замини пахтазор бо роҳбарони хоҷагиҳои мазкур суҳбат карда, барои ҷалби бештари чинакчиён, сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта то кураки охирин, тавсияву маслиҳатҳои судманд дода шуд.

