Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ ҶАРАЁНИ ТАЪМИРИ РОҲ ДАР ДЕҲОТИ ХОНАҚОҲИ КӮҲӢ

Имрӯз, 11 ноябр раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, бо ҳолати омодагии роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ҷамоат ба мавсими зимистон шинос гардид.
Дар деҳаи Чангоб бо ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди роҳе, ки ҷамоатро ба якчанд деҳаҳои дурдасту кӯҳдоман, аз ҷумла Нилу, Кӯшкаки Мазор ва Варгандок мепайвандад шинос гардида, бо роҳсозон ва ҳашарчиёне, ки аз деҳоти номбурда ҷамъ омада буданд, суҳбат намуд.
Раиси шаҳр барои дастгирии аҳолӣ аз иқдомҳои созандаву ободкоронаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлолият изҳори сипос карда, ҳамзамон афзуд, ки роҳи мазкур барои минтақа аҳамияти баланди иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Чунки, даҳҳо гектар боғу токзор дар ин мавзеъ макон гирифта, зиёда аз 25 ҳазор нафар аҳолии шаҳр манфиат мебинанд ва кишоварзони деҳоти мазкур барои баровардани молу маҳсулот ба бозорҳои дохилии кишвар ва савдои бурунмарзӣ аз он истифода мебаранд.
Роҳе, ки таъмираш шуруъ гардидааст, дар фасли зимистон хавфноку душворгузар маҳсуб ёфта, агар бо дастгириву ҳамкории ҳамдигар онро таъмир накунем, метавонад дар мавсими боришоти барфу борон ба мардум душвориҳои зиёд пеш орад.
Раиси шаҳр аз идомаи минтақаи роҳе, ки таъмиру таҷдид ва мумфаршкунии ондар назар дошта шудааст дидан карда, ба роҳбари зергурӯҳи кории 35-солагии Истиқлолият ва масъулони дастгоҳи ҷамоат, ҷиҳати вусъати корҳо бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Роҳсозон ният доранд, дар навбати аввал минтақаи душворгузари роҳро дар масофаи зиёда аз 2 километр ва баъдан марҳила ба марҳила роҳи боқимондаро таъмиру мумфарш намоянд.
Айни ҳол, корҳои латокхобонӣ ва тахту ҳамвор кардани роҳ бо маром идома дорад.