12 ноябри соли 2025 дар деҳаи Ҷалолобод, Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор сохтмони бинои нави дуошёна дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 бо 18 синфхона, барои 860 нафар хонанда дар ду баст, оғоз гардид.
Муассисаи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолият бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамкории аҳолӣ ва соҳибкорон бунёд меёбад.
Дар маросими рехтани таҳкурсии бино муовини раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода иштирок карда, ба аҳолии деҳа барои дастгирӣ аз корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр изҳори сипос намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки муассиса ҳанӯз соли 1956 барои 200 нафар хонанда бунёд ёфта, шароити синфхонаҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд. Бо назардошти ҳамин омилҳо дастгоҳи Ҷамоати Мирзо Ризо сохтмони онро ба нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ворид намуд ва сохтмончиён тасмим доранд бинои мазкурро дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

