Бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 ноябри соли 2025, бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон дар шаҳри Ҳисор семинари илмӣ-амалии минтақавии кишоварзон дар мавзӯи “Роҳҳои таъмини сифати шудгор, татбиқи технологияҳо ва вусъатбахшӣ ба кишти тирамоҳӣ” баргузор гардид.
Дар кори семинар, ҳамчунин раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, олимону кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва намояндагони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар қисмати амалии кори семинар иштирокчиёни он аз якчанд хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор боздид карда, аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Сомон бо фаъолияти гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Фаррух”, дар ҷамоатҳои деҳоти Деҳқонобод, Ҳисор ва шаҳраки Шарора дар заминҳои обии Ҷамъияти дорои масъулияи маҳдуди “Латиф Муродов” ва заминҳои лалмии Хоҷагии истеҳсолии “Зироаткор”-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “50-солагии Октябр” бо рафти тайёр намудани хок, кишти тирамоҳии гандум ва нашъунамои пиёз шинос шуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат дар гармхонаҳо, саҳрои хоҷагиҳои кишоварзии номбурда бо иштирокчиёни семинар дар бораи агротехникаи парвариши сабзавот дар гармхонаҳо, усулҳои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии хок ва технологияи кишти сабзавот, ғаладонагиҳо дар шароити заминҳои обӣ ва лалмӣ, мӯҳлат ва меъёри кишт суҳбат ороста, бо тавсияву маслиҳатҳои судманд, инчунин пешниҳоди олимоне, ки дар семинар ҳузур доштанд, мутахассисони соҳаро ба вусъат бахшидан ба корҳои кишти тирамоҳӣ, гирифтани ду-се ҳосил ва бо ҳамин васила саҳми муносиб гузоштан ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ҳидоят намуд.


